Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози ним миллион бритониёвиҳо ба тасмими ҳукумат


Дар коршикании омӯзгорон ва кормандони идораҳои давлатии Бритониё беш аз ним миллион нафар ширкат доштанд.

Дар ин бора хабаргузории Associated Press бо тая ба яке аз раҳбарони иттиҳодияи синфии Бритониё иттилоъ додааст.

Ва аммо мақомоти Бритониё мегӯянд, ки теъдоди коршиканҳо каме бештар аз сад ҳазор нафар буд.

Намоишҳои эътирозӣ бо талаби аз талоши коҳиши ҳаққи бознишастагӣ ё нафақаи кормандони давлатӣ даста бардоштани ҳукумат дар Лондон ва дигар шаҳрҳо баргузор шуданд.

Ба иттилоъи полис, беш аз 40 тан аз ширкаткунандагони намоишҳо боздошт шудаанд ва аммо дар маҷмӯъ раҳпаймоиву ҳамоишҳо орому осоишта гузаштанд.
XS
SM
MD
LG