Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Гейтсро дар маросиме гусел карданд


Роберт Гейтс ва Обама дар маросими гусел
Роберт Гейтс ва Обама дар маросими гусел
Имрӯз Барак Обама дар як маросими вижа барои гусели Роберт Гейтс, ки мақоми вазири дифои Амрикоро тарк мекунад, ба вай медали президентии Озодиро тақдим кард ва аз вай ба унвони яке аз беҳтарин вазирони дифои Амрико ном бурд.

“Одамеро, ки шумо мебинед ва ман омадаам, ки эҳтиромашро ба ҷо орам, як ватандӯсти оддии Амрикост, марди соҳибэҳтиром ва агар оддитар бигӯем беҳтарин хидматгузори миллат аст”.

Роберт Гейтс дар давраи раёсати ҷумҳурии 8 нафар кор кард, ки он чаҳор даҳсоларо дар бар мегирад. Обама ба вай бовар кард, ки дар давраи ҷанги Ироқу Афғонистон раҳбарии стротегияи дифоии Амрикоро бар дӯш дошта бошад. Баъд аз Роберт Гейтс курсии вазири дифои Амрикоро Леон Панетта ишғол мекунад. Вай то ҳол раиси Дафтари Марказии Кашфи Амрико ё ЦРУ буд.
XS
SM
MD
LG