Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи даъватҳо ба озодии Урунбой Усмонов


Ҳамоиши кормандони Би-Би-Сӣ дар Лондон бо даъвати озодии Урунбой Усмонов.

Ҳамоиши кормандони Би-Би-Сӣ дар Лондон бо даъвати озодии Урунбой Усмонов.

Созмони "Хабарнигорони бидуни марз" (RSF) бар ин аст, ки пас аз таҳқиқоти ибтидоӣ Усмонов мебоист озод мешуд.

Созмони "Хабарнигорони бидуни марз", марказаш дар Порис дар як изҳороти нав аз ҳамаи ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи башар, расонаҳои ҳамагонӣ ва журналистон дар саросари ҷаҳон даъват кард, барои озодии фаврии хабарнигори Бахши осиёимиёнагии Би-Би-Сӣ Урунбой
Лағви иттиҳоми узвияти вай гувоҳӣ медиҳад, ки нирӯҳои амниятии Тоҷикистон бар зидди вай далели кофӣ надоранд...

Усмонов, ки дар маҳбаси Тоҷикистон ба сар мебарад, садо баланд кунанд.

Дар изҳороти ин созмони байнулмилалӣ омадааст: “Ҳоло мақомот талош доранд эътибори худро нигаҳ доранд. Иттиҳомоти нав бар зидди вай бепоя баромад ва нақзи хашини озодии матбуот ба шумор меравад.”

Урунбой Усмонов 13-уми июн ба иттиҳоми узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир дар Хуҷанд боздошт шуд. Файзинисо Воҳидова-вакили мудофеи вай мегӯяд, “лағви иттиҳоми узвияти вай гувоҳӣ медиҳад, ки нирӯҳои амниятии Тоҷикистон бар зидди вай далели кофӣ надоранд.”

Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би-Би-Сӣ. Акс аз бойгонӣ.

Ин бори дувум аст, ки Созмони "Хабарнигорони бидуни марз" дар робита ба боздошти хабарнигори Бахши осиёимиёнагии Би-Би-Сӣ Урунбой Усмонов изҳорот пахш мекунад. Қаблан шабакаи Би-Би-Сӣ низ ба озодии Усмонов даъват карда буд. Ва акнун бори дигар кормандони ин шабака бо ҳамоише дар назди бинои марказии он ҳамбастагии худро бо Усмонов изҳор доштанд.

Ин тазоҳурот дар ҳоле баргузор шуд, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон дар вилояти Суғд пас аз таҳқиқи аввалия аз иттиҳоми "узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир", ки пештар зидди Усмонов матраҳ мекарданд, қатъи назар кардаанд.

Раҳбари Хадамоти ҷаҳонии Би-Би-Сӣ, Питер Ҳоррокс, рӯзи 24 июн дар номае аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, хостааст, ки ба озодии Урунбой Усмонов мусоадат кунад. Қаблан сафоратҳои Британия ва Иёлоти Муттаҳида, созмонҳои журналистии ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон, фаъолони ҳуқуқи башар низ озодии Урунбой Усмоновро тақозо кардаанд.

Ҳафтаи гузашта дар Вена дар ҷаласаи Шӯрои доимии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) Маҷористон аз номи Иттиҳодияи Аврупо дар бораи шароити фаъолият ва фазои кории воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ намуд.

Бо ташаббуси ҳайати Маҷористон ин масъала дар ҷаласаи Шӯрои доимии САҲА баррасӣ гардид.

Сафири Тоҷикистон дар САҲА, Нуриддин Шамсов таъкид кард, ки 13-уми июн хабарнигори Би-Би-Сӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистон, Урунбой Усмонови 59-сола бо иттиҳоми доштани иртибот бо созмони манъшудаи Ҳизб-ут-таҳрир боздошт шудааст. Сафир афзуд, ки як идда шоҳидон ин иттиҳомро тасдиқ кардаанд ва бар пояи он, 15-уми июн додгоҳ ба ҳабси пешакии Усмонов ҳукм баровард. Акнун тибқи қонунҳои Тоҷикистон, Усмонов метавонад барои муддати таҳқиқ то ду моҳи оянда дар боздоштгоҳ боқӣ бимонад.

Сафири Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) мегӯяд, дар Тоҷикистон кормандони воситаҳои ахбори умум ва хабарнигорон бо ҳеҷ гуна маҳдудият мувоҷеҳ нестанд. Ҳар муҳокимае, ки дар иртибот бо фаълияти хабарнигорон доир мешавад, бозу шаффоф ва бар пояи қонун аст.

Ба қавли сафири тоҷик, Усмонов, ки бо моддаи 307-и қонуни ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мешавад, расман аз кӯмаки вакил даст кашидааст, вале сарфи назар аз он сар аз 21-уми июн ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова ба ҳайси вакили мудофиаи ин хабарнигори Би-Би-Сӣ пазируфта шуд.

Дар ҳамин ҳол вакили мудофиаи Усмонов Файзинисо Воҳидова изҳор намуд, ки бар пояи қонунҳои Тоҷикистон ҳар гуна мулоқоти фарди боздоштшуда бо муфаттиш, рӯзноманигор ва ё каси дигаре бояд ҳатман дар ҳузури вакили мудофиа барпо шавад. Воҳидова ба Радиои Озодӣ гуфт, 23-уми июн дар Хуҷанд мулоқоти рӯ ба рӯи Усмонов бо аъзои Ҳизб-ут-таҳрир, ки дар он муфаттиш Саид Саймуддинов ва вакили мудофиаи Усмонов низ ҳузур доштанд, ҳар ду ҷониб иртиботи Усмонов бо созмони манъшудаи исломиро рад кардаанд.

Додгоҳи Олиии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2008-ум Ҳизб-ут-таҳрирро созмони экстремистӣ унвон дода, фаъолияташ дар қаламрави кишварро манъ кардааст. Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистон ваъда додаанд, ки қазияи Усмоновро ба таври шаффоф ва бар пояи қонунҳои байналмилалӣ идома медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG