Пайвандҳои дастрасӣ

30 октябр рӯзи интихоботи президентӣ эълон шуд


Имрӯз порламони Қирғизистон 30- октябрро рӯзи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар эълон кард. Баъд аз ин интихобот Қирғизистон ба иҷрои ислоҳот дар Қонуни Асосӣ наздиктар мешавад ва дар Осиёи Марказӣ аз нахустин кишварҳое хоҳад буд, ки дар он низоми идории порламонӣ рӯи кор хоҳад омад. Салоҳияти Роза Отунбоева-раиси ҷумҳурии кунунӣ 31 декабр ба поён мерасад. Вай раҳбарии ин кишварро аз моҳи апрели соли 2010, аз замони сарнагунии Қурмрнбек Боқиев аз мақом бар ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG