Пайвандҳои дастрасӣ

Русия аз иқдоми НАТО дар Либия интиқод кард


Сергей Лавров

Сергей Лавров

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, мусаллаҳ кардани шӯришиёни Либия “нақзи хом”-и қатъномаи Шӯроии Амнияти СММ мебошад. Дар ин қатънома фурӯши аслиҳа ба Либия аз моҳи феврал таҳрим эълон шудааст. Фаронса аз нахустин кишварҳои узви паймони НАТО рӯзи чаҳоршанбе ба таври ошкоро эътироф кард, ки дар мубориза бар зидди Муаммар Қаззофӣ шӯришиёни Либияро мусаллаҳ месозад. Мақомоти низомии Фаронса гуфтанд, ки ҳадафи ин иқдоми онҳо зарурати ҳифзи шаҳрвандон аст. Қаблан Андерс Фог Расмуссен-Дабири кулли паймони НАТО имрӯз гуфт, ки ин паймон ба амалиёти нируҳои Фаронса барои аз ҳаво партофтани аслиҳа ба шӯришиёни Либия ҳамроҳ шудааст.
XS
SM
MD
LG