Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқчии боздоштшудаи афғон мегӯяд, вайро фиреб кардаанд


Дар қаламрави вилояти Хатлон Азиз валади Соҳибхон -шаҳрванди 22 солаи Афғонистон бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт шудааст. Аз борхалтаи вай 16 кило ҳероин ва бештар аз 24 килограмм ҳашиш боздошт кардаанд. Азиз валади Соҳибхон мегӯяд, вай фиреби қочоқгаронро хӯрдааст, зеро дар хоки Тоҷикистон вайро пеш андохтаанд:

“Маводи мухаддирро ба Тоҷикистон овардем. Ҳамватанони ман гуфтанд, дар ин минтақа ту пеш даро. Ман пеш даромадам. Маро дастгир карданд, онҳо хато хӯрданд”.

Аз оғози соли ҷорӣ то ҳол ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон аз 510 талоши қочоқи маводи мухаддир пешгирӣ кардаанд, ки дар 12-тои он шаҳрванлдони Афғонистон даст доштаанд.
XS
SM
MD
LG