Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон:"Тамоси маҳдуд" бо Ихвонулмуслимин барқарор шудааст


Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико имрӯз гуфт, ки Амрико “тамоси маҳдуд” бо Ихвонулмуслимини Мисрро аз сар гирифтааст. Клинтон дар ҷараёни боздид аз Маҷористон гуфт, задубанд бо ҷонибҳое, ки фаъолиятҳои сиёсии ғайрихушунатомезро дар пеш гирифтаанд, ба нафъи Вошингтон хоҳад буд. Ин иқдомро тағироти муҳтотона дар сиёсати Амрико медонанд, вале чунин иқдом Исроил ва ҳомиёни амрикоии онро нигарон мекунад, зеро онҳо дар бораи ин гурӯҳи исломӣ ақидаи комилан дигар доранд. Дар Қоҳира Ихвонулмуслимин гуфтааст, ки аз ҳар гуна робитаи расмӣ бо Амрико истиқбол мекунад, вале то ҳол чунин иртибот вуҷуд надоштааст.
XS
SM
MD
LG