Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусулмонону яҳудиён зидди қонуни манъи забҳ


Парлумони Ҳолланд дар овоздиҳии ибтидоӣ забҳи ҳайвони ҳушёрро манъ намуда, тақозо кард, ки қабл аз забҳ ҳайвонот бе эҳсос гардонида шаванд.

Ҳомиёни қонуни манъи забҳ мегӯянд, ки ин амал азияти беҳудаи ҳайвонотро аз байн мебарад. Вале мусулмонону яҳудиён, ки бар пояи анъанаҳои динӣ забҳи ҳайвони бе эҳсосро қабул надоранд, ин иқдоми парламенти Ҳолландро каноргузории ақаллиятҳои динӣ арзёбӣ намудаанд.

Оё ҳомиёни ҳуқуқи ҳайвонот ҳақ доранд, ки озодиҳои диниро маҳдуд намоянд? Ҷамоаи мусулмонон ва яҳудиёни Ҳолланд саъй мекунанд, посухи ин суолро пайдо намоянд. Дар як ҳолати ваҳдату ҳамдилии ғайримуқаррарӣ, мусулмонону яҳудиён манъи забҳи анъанавии ҳайвонотро, ки рӯзи 28-уми июн дар парламенти Ҳолланд ба тасвиб расидааст, маҳкум намуданд.

Тибқи дастури қонунгузорони Ҳолланд, пеш аз забҳ ҳайвон бояд беҳуш гардонида шавад. Аммо ин амал хилофи тақозоҳои динии мусулмонону яҳудиён аст, ки бо ҳуш будани ҳайвонро аз шартҳои асосии ҳалол ва ё кошер будани гӯшт мешуморанд.

Ҳомиёни тасвиби манъ мегӯянд, беҳушгардонии пешакӣ азияти беҳудаи ҳайвонро камтар мекунад. Вале муслмонону яҳудиён ин амалро кӯшиши маҳдуд намудани озодиҳои динӣ мешуморанд.

Бар пояи тақозои динҳои ислом в яҳудият, гӯшт замоне кошер ва ё ҳалол аст, ки қассоб ба гардани ҳайвон корд зада, имкон диҳад, то фавти он хунаш ба воситаи рагу шараён аз бадан берун шавад.

Қарори манъи забҳи динии ҳайвонот дар Ҳолланд баъди тасвиби он дар Маҷлиси Болоии парламент, яъне Сенат ба ҳукми иҷро медарояд.

Тахмин мешавад, ки Сенати Ҳолланд ин масъаларо дар моҳи октябр баҳс хоҳад кард. То он замон ба гурӯҳҳои динӣ имкон дода шудааст, ки аз нуқтаи назари илмӣ бедарду алам будани забҳи диниро собит намуда, мавриди истино қарор гиранд.

Ду ҷамоаи яҳудиёни Аврупо иброз доштаанд, ки бар зидди қабули ин қонун талош хоҳанд кард. Конгресси яҳудиёни Аврупо мегӯяд, ки “ин қонуни саршор аз табъиз” хилофи озодии дин аст. Конфронси хохомҳои яҳудии Аврупо аз Сенати Ҳолланд даъват кардааст, қонуни манъи забҳи ҳайвонотро, ки 28-уми июн дар Маҷлиси поёнии парламент тасвиб шудааст, рад кунад.

Раиси конфронси мазкур хохом Пинхас Голдсмит дар сӯҳбат бо хабарнигорони ҳолландӣ гуфтааст, “тасвиби ин қонун маънои онро дорад, ки аз ин ба баъд яҳудиён дар Ҳолланд меҳмони нохонда хоҳанд буд."

Голдсмит афзуд, ки тӯли 60 соли гузашта чунин кӯшишҳои ноком шуда буданд. Мусулмонон ҳам ба монанди яҳудиён манъи забҳи ҳайвонотро танқид кардаанд.

Ҷои ёдоварист, ки чанд рӯз пеш додгоҳи Амстердам айбномаи сиёсатмадори ростгарои ин кишвар Герт Вилдерсро, ки бо таҳқир ва иғвогарӣ дар муқобили мусулмонон муттаҳам дониста мешуд, лағв кард. Вилдерс муҳоҷирони мусулмонро таҳдид ба фарҳанги Ҳолланд ва дини Исломро ба фашизм муқоиса кардааст.

Тураҷи Атобакӣ, профессори донишгоҳи Амстердам мегӯяд, аксари мусулмонон ва ҳатто мардуми ғайри мусулмон бовар доранд, ки манъи забҳи ҳайвонот иқдомест, ки бар зидди мусулмонон қабул шудааст ва он афзоиши эҳсоси зиддиисломӣ дар Аврупоро инъикос менамояд.

Вале он афроде, ки маъракаи манъи забҳи ҳайвонотро матраҳ намудаанд, қабул надоранд, ки ин иқдом бо ҳадафҳои сиёсӣ пешниҳод ва тасвиб шудааст.

Хонум Мариан Тиме-вакили мардумӣ ва раиси ҳизби ҳимояи ҳуқуқи ҳайвоноти Ҳолланд мегӯяд, ӯ ва пайравонаш сар аз соли 2008-ум ба хотири тасвиби ин санад мубориза бурдаанд. Ӯ мегӯяд, дар Ҳолланд шодкомӣ то ҳадде муҳим аст, ки вақте азияти инсон ва ё ҳайвон оғоз меёбад, озодии дин бояд хотима ёбад: “Агар озодии дин ба касе азият расонад, яъне ба инсон ва ё ҳайвон мусибат орад, пас озодии дин бояд маҳдуд гардонида шавад.”

Ба қавли Тиме, дар Ҳолланд ҳама ба ғайр аз қассобони яҳудиву мусулмон ҳайвонро беҳуш намуда, сипас ӯро забҳ менамоянд. Ин сиёсатмадори ҳолландӣ таъкид кард, ки дар кишвараш мардуми зиёде аз манъи забҳи динии ҳайвонот пуштибонӣ мекунанд.

Забҳи динии ҳайвонот дар Люксембург, Зеландияи нав, Норвегия, Шветсия ва Швейтсария манъ шудааст. Танҳо кишвари мусулмоннишин, ки манъи чунин забҳро дар ҳалқаҳои сиёсӣ маврди табодули назар қарор додааст, Туркия мебошад.
XS
SM
MD
LG