Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асирони Фаронса ба Ватан баргаштанд


Имрӯз ду рӯзноманигори телевизиони Фаронса баъд аз 18 моҳи асорат дар Афғонистон ба Ватан баргаштанд. Наворбардор Стефан Тапоние ва гузоришгар Ҳерве Гекйе, ки дар шабакаи 3 телевизиони Фаронса кор мекунанд, баъд аз вуруд ба Фаронса дар фурудгоҳи низомии Порис мавриди истиқболи хешовандонашон ва Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури ин кишвар қарор гирифтанд. Зимни сӯҳбат бо матбуот ҳар ду рӯзноманигор гуфтанд, ки саломатии онҳо хуб аст. Тапоние чунин гуфт:

“Саломатии ман хеле хуб аст. Рӯҳияи мо моро хуб нигоҳ дошт. Мо медонистем, ки натиҷааш хуб мешавад”.

Тапоние ва Гекйе бо мутарҷими афғонии худ моҳи ноябри соли 2009 дар кӯҳистонҳои вилояти Кописо рабуда шуданд. Толибон масъулияти ин одамрубоиро бар дӯш гирифтанд ва таҳдид карданд, ки онҳоро ба дор мекашанд. Ризо Дин-тарҷумон баъдтар раҳо шуд. Фаронса мегӯяд, ки барои раҳоии шаҳрвандонаш маблағе пардохт накардааст.
XS
SM
MD
LG