Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳо дар Юнон дар остонаи райдиҳии порламон


Даргириҳо дар Афинаи Юнон
Даргириҳо дар Афинаи Юнон
Субҳи имрӯз полиси Юнон дар назди бинои порламони ин кишвар бо тазоҳуркунандагон вориди задухӯрд шуд. Ин дар ҳолест, ки қарор аст порламон барои тадобири сахтгиронаи иқтисодӣ рай бидиҳад ва бад-ин тариқ аз бӯҳрони қарз пешгирӣ кунад. Дирӯз ба ҳукумати Ҷеорҷ Папандреу-нахуствазири кишвар муяссар шуд, ки бо аксарияти ночизи оро тавуофуқи порламонро ба даст орад. Қарор аст имрӯз дар порламон роҷеъ ба санади дуввуми тадобири сахтгиронаи иқтисодӣ низ райдиҳӣ сурат бигирад. Иттиҳодияи Аврупо аз райдиҳии дирӯзи порламон истиқбол кард ва онро иқдоми муҳим хонд.
XS
SM
MD
LG