Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҳосилот” - пешсафи ягонаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон


Бозиҳои даври 10-уми сабқати Лигаи якуми футболи Тоҷикистон баргузор шуданд. Се бозӣ бо пирӯзии мизбонон, як бозӣ бо ғалабаи меҳмонон анҷом ёфт ва як бозӣ мусовӣ шуд.

Бозиҳо бо чунин натиҷаҳо ба охир расиданд: «Зарафшон» - «Пахтакор» - 4:3, «Рашт» - «Румӣ» - 0:5, «Данғара» - «Ҳулбук» - 1:1, «Саройкамар» - «Сабо» - 2:1, «Ҳосилот» - «Вишгард» - 3:0 (ҳисоби техникӣ).

Ба иттилоъи масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи “Вишгард”-и Файзобод дуввум бор аст, ки ба бозиҳо дар сафар ҳозир намешавад ва бар асоси низомнома аз мусобиқа хориҷ хоҳад шуд.

Бозии дастаҳои «Ҷавонон» - «Ситора» ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

Баъди натиҷагирии бозиҳои 10 даври мусобиқа дастаи “Ҳосилот”-и Фархор бо 23 имтиёз дар ҷойи аввал мебошад.

Дастаи “Зарафшон”-и Панҷакент бо 20 имтиёз дар ҷойи дуввум ва тими “Саройкамар”-и Панҷ бо 19 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Ҳосилот” (Фархор) 9 7 2 0 16-3 23
2. «Зарафшон» (Панҷакент) 9 6 2 1 19-9 20
3. «Саройкамар» (Панҷ) 8 6 1 1 20-5 19
4. «Ҳулбук” (Восеъ) 9 5 3 1 20-8 18
5. "Пахтакор" (Қубодиён) 8 4 2 2 21-12 14
6. "Вахши зарнисор"(Вахш) 9 3 3 3 16-18 12
7. «Сабо» (Шаҳринав) 7 3 2 2 14-9 11
8. «Ситора» (Рӯдакӣ) 8 3 2 3 7-8 11
9. «Данғара» (Данғара) 9 3 2 4 9-8 11
10. “Кӯктош” (Рӯдакӣ) 8 3 1 4 9-10 10
11. “Локомотив” (Душанбе) 9 2 2 5 4-14 8
12. “Румӣ” (Румӣ) 7 2 0 5 12-14 6
13. “Вишгард” (Файзобод) 10 2 0 8 6-29 6
14. “Ҷавонон” (Турсунзода) 6 1 0 5 4-16 3
15. “Рашт” (Рашт) 7 0 0 7 1-17 0
Бозиҳои даври 11-ум

2-юми июл (шанбе)
«Локомотив» - «Ҳосилот»
«Сабо» - «Кӯктош»
«Ҳулбук» - «Саройкамар»
«Румӣ» - «Ҷавонон»
«Пахтакор» - «Рашт»
«Вахши зарнисор» - «Зарафшон»

Бозиҳо соати 17.30 шурӯъ мешаванд.
XS
SM
MD
LG