Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама: "Ҳанӯз вақти эъломи пирӯзӣ дар Афғонистон нарасидааст."


Барак Обама гуфт, ки ИМА дар Афғонистон метавонад комёб шавад, вале ҳанӯз вақти эъломи пирӯзӣ нарасидааст.

Барак Обама, ки дар нишасти хабарӣ дар Қасри Сафед сӯҳбат мекард, гуфт: «Метавонем дар маъмурияти худ муваффақ бошем, яъне бояд итминон ҳосил шавад, ки Ал-Қоида дигар наметавонад бар ИМА ё муттаҳидон ва манофеи мо дар берун аз ин кишвар ҳамла кунад. Ҳамчунон мехоҳем мутмаин шавем, ки ҳукумати Афғонистон ва мардуми ин кишвар қодир ба гирифтани масъулиятҳои амниятиашон шаванд. Мо дар ин маъмуриятҳо муваффақ будаем.»

Обама афзуд, ки пешрафтҳоеро, ки артиши ин кишвар дар Афғонистон ба даст овардааст, заминаро барои оғози хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар мусоид месозад.

Обама ҳафтаи гузашта эълон кард, ки 33 ҳазор сарбози амрикоиро то поёни соли 2012 аз Афғонистон берун хоҳад кард. Аз он ҷумла даҳ ҳазор сарбоз то поёни имсол ба Амрико боз хоҳанд гашт.

Аммо раиси ҷумҳури Обама таъкид карда гуфтааст, ки фишорҳоро бар шабакаи Ал-Қоида ҳамчунон идома хоҳанд дод: «Нерӯҳои амрикоӣ тавонистанд тавоноии Ал-Қоидаро тазъиф кунанд. Возеҳан кушта шудани Усома бин Лодин таваҷҷуҳи зиёдро ба худ ҷалб кард. Аммо ҳатто пеш аз ин амалиёт, мо раҳбарони сатҳи миёна ва бархе аз раҳбарони аршади ин шабакаро аз байн бурда будем. Акнун фаъолияти эшон бо душвориҳое рӯбарӯ шудааст ва мо ба фишор алайҳи онон идома хоҳем дод.»

Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунон гуфтааст, ки акнун Кобул нисбат ба гузашта амнтар шудааст. Ин дар ҳолест, ки шабе сешанбе Толибон бар меҳмонхонаи «Интерконтинентал» дар қалби шаҳри Кобул ҳамла карданд, ки дар натиҷаи он 21 тан кушта шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG