Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби Фаластин аз болои тими Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ин бозӣ дар чаҳорчӯби мусобиқоти интихобӣ барои чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2014 дар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд.

Дар дақиқаи 28-уми бозӣ Мурод Алиён тӯбро ба дарвозаи дастаи Афғонистон зад. Се дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ Исмоил Аламур тӯби дуввумро вориди дарвозаи ҳариф кард.

Ин бозӣ бояд дар Афғонистон доир мешуд ва аммо бар асари ноамниҳо дар кишвар Федератсияи футболи Афғонистон аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки барои гузаронидани ин бозӣ дар яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон иҷоза диҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG