Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигорони раҳошуда ба Порис парвоз карданд


Хабарнигори фаронсавӣ, ки баъди яку ним соли гаравгонӣ аз асорат раҳо шуданд, аз Кобул ба Порис парвоз карданд.

Ба гуфтаи кормандони сафорати Фаронса дар Кобул, баъди 18 моҳи асорат гаравгонҳои собиқ ҳам аз ҷиҳати ҷистонӣ ва ҳам аз ҷиҳати рӯҳӣ худро хело хуб эҳсос мекунанд.

Айни ҳол дар бораи ҷузъиёти раҳоии гаравгонҳо иттилоъе зери даст нест.

Хабарнигорони шабакаи телевизионии "France 3" Эреве Гескиер ва Стафан Тапоние ҳамроҳ бо тарҷумон Ризоуддин 30 декабри соли 2009 дар ҳоле аз сӯи афроди мусаллаҳ рабуда шуданд, ки аз минтақаи кӯҳии Каписо, воқеъ дар шарқи Афғонистон, гузориш таҳия мекарданд.
XS
SM
MD
LG