Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА стратегияи нави зиддитеррористиро таҳия кард


Ҷон Бреннан

Ҷон Бреннан

ИМА барои комилан аз байн бурдани шабакаи «Ал-Қоида» талош мекунад ва аммо асосан рӯи ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави кишвар тамаркуз хоҳад кард.

Ба гуфтаи Ҷон Бреннан, мушовири раисиҷумҳури Амрико дар умури мубориза бо терроризм, стратегияи нави зиддитеррористӣ - баёнгари сиёсати воқеъбинона ва ғайриидеологиест, ки мақомоти кишвар аз он шурӯъ аз моҳи январи соли 2009 кор мегиранд.

Ба иттилоъи Кохи Сафед, тарзи нави бархӯрд бо терроризм бо назардошти тағйироти куллии сиёсӣ дар кишварҳои Ховари Миёна ва шимоли Африқо таҳия шудааст.
XS
SM
MD
LG