Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Интер РАО ЕЭС" тасмимашро бознигарӣ накардааст


Ширкати русии “Интер РАО ЕЭС” иттилоъи бархе аз расонаҳо дар бораи аз сар гирифтани интиқоли нерӯи барқ ба Белорусро рад кард.

Намояндаи ин ширкат Антон Назаров гуфт, ки алҳол сабабҳои вазъи ба вуқӯъпайваста тафтиш мешавад ва аммо аз тафсилоти бештар худдорӣ намуд.

Аз ин пештар бархе расонаҳои русӣ хабар доданд, ки баъд аз як шабонарӯз Русия дубора ба интиқоли нерӯи барқ ба Белорус шурӯъ кардааст.

Ёдовар мешавем, ширкати “Интер РАО ЕЭС” бо далели пардохт нашудани қарз аз 29 июн интиқоли барқ ба кишвари ҳамсояро қатъ намуд.

Шоми дирӯз Минск ба ҳисоби “Интер РАО ЕЭС” 600 миллион рубли русӣ гузаронд. Аз ин пештар муовини сарвазири Русия Игор Сечин гуфта буд, ки қарзи Белорус барои нерӯи барқ як миллиарду 200 миллион рублро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG