Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои нави ИМА алайҳи мақомоти Сурия ва Эрон


ИМА алайҳи Раёсати амнияти сиёсӣ ва раиси Хадамоти кашфи нерӯҳои зиддиҳамлаи ҳавоии Сурия ва алайҳи Хадамоти миллии полиси Эрон таҳримҳо ҷорӣ кард.

Вошингтон ин муассисаҳо ва генерали суриягиро дар даст доштан дар куштори ширкаткунандагони намоишҳои осоишта дар Сурия айбдор мекунад. Ҳисобҳои бонкии онҳо дар қаламрави Амрико мунҷамид ва ҳама гуна робитаҳои корӣ бо қатъ карда мешавад.

Як моҳ қабл ИМА алайҳи раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ва бархе аз мансабдорони ҳукуматӣ низ таҳримҳо ҷорӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG