Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Қоҳира дубора дар майдони Таҳрир ҷамъ омаданд


Шоми гузашта ҳазорон нафар дубора дар майдони Таҳрири Қоҳира ҷамъ омаданд. Онҳо рӯзи замин нишаста иҷрои ваъдаҳои ислоҳот аз сӯи мақомоти Мисрро талаб доранд.

Аз ин пештар мақомот хабар доданд, ки бар асари бархӯрди дурӯзаи эътирозгарон ва кормандони полис дар Қоҳира беш аз ҳазор нафар ҷароҳат бардоштаанд. Миёни захмиён кормандони полис ҳам ҳастанд.

Ширкаткунандагони намоишҳои эътирозӣ талаб мекарданд, ки мурофиаҳои додгоҳии мансабдорон ва атрофиёни раисиҷумҳури пешини Миср Ҳуснӣ Муборак ҳарчӣ зудтар сурат бигиранд.

Ҳуснӣ Муборак моҳи феврали соли равон баъд аз намоишҳои густурдаи мардумӣ ба истеъфо рафт.
XS
SM
MD
LG