Пайвандҳои дастрасӣ

Кобул ангушти иттиҳом сӯи шабакаи Ҳаққонӣ мекунад


Мақомоти Афғонистон дар ҳамла ба меҳмонсарои Intercontinental дар Кобул даст доштани шабакаи террористии Ҳаққониро байид намедонанд. Ин шабака бо ҷунбиши “Толибон” робита дорад ва аммо мустақилона амал мекунанд.

Аз ин пештар масъулияти ҳамла ба яке аз бузургтарин меҳмонсароҳои Кобулро толибон бар дӯш гирифта буданд.

Ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, дар ин амалиёт нӯҳ ифротгаро ширкат доштанд, ки ҳамагӣ кушта шуданд.

Дар ҳамла ба меҳмонсаро ду корманди полис, 11 сокини осоишта, аз ҷумла, як шаҳрванди Испания, ба ҳалокат расидаанд.

Задухӯрд бо ҳамлагарон тақрибан панҷ соат идома кард, чархболҳои НАТО ба кӯмаки нерӯҳои амниятӣ расида, мусаллаҳони дар боми меҳмонсаро камингирифтаро тирборон намуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG