Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии хабарнигорон баъди якуним соли гаравгонӣ


Дар Афғонистон ду хабарнигори фаронсавӣ ва тарҷумони онҳо баъди яку ним соли гаравгонӣ аз асорат раҳо шуданд.

Франсуа Фийон, нахуствазири Фаронса, ба вакилони парлумони кишвар гуфт, ки вазъи хабарнигорон хуб аст ва онҳо за зудӣ ба ватан бармегарданд. Дар бораи ҷузъиёти раҳоии гаравгонҳо иттилоъе зери даст нест.

Хабарнигорони шабакаи телевизионии "France 3" Эрве Гескиер ва Стефан Тапоние ҳамроҳ бо тарҷумон Ризоуддин 30 декабри соли 2009 дар ҳоле аз сӯи афроди мусаллаҳ рабуда шуданд, ки дар бораи бунёди шоҳроҳ дар шарқи Кобул гузориш таҳия мекарданд.
XS
SM
MD
LG