Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама: Истеъфои Қаззофӣ ба суди мардуми Либия аст


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, изҳор намуд, ки рисолати Амрико дар Афғонистон метавонад комёб шавад ва аммо дар бораи пирӯзӣ ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст.

Дар як нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед ӯ гуфт, ки бо вуҷуди ҳамлаи ахир ба як меҳмонсарои бузурги Кобул, вазъ дар пойтахти Афғонистон хело амнтар шудааст.

Дар робита ба мавзӯъи Либия бошад, Обама аз ҷараёни бобарори амалиёти низомии байнулмилалӣ ва қавитар шудани мавқеъи шӯришиён ҳам ёдовар шуд ва бори дигар ба зарурати аз мақом барканор намудани Муаммар Қаззофӣ таъкид кард.

Ба гуфтаи ӯ, "бидуни шубҳа, истеъфои Қаззофӣ, аз нигоҳи ҷомеъаи байнулмилалӣ, дар таъмини интихоби озоди мардуми Либия нақши аввалиндараҷа хоҳад дошт".

Дар ҳамин ҳол низомиёни Фаронса хабар доданд, ки онҳо чанде қабл амалиёти интиқоли силоҳи оташфишон ба шӯришиёни Либияро анҷом доданд. Бори аввал интиқоли силоҳ ба мухолифини Қаззофиро кишвари узви НАТО иқрор кард.

Бритониё, дар навбати худ, эътироф намуд, ки ба сохторҳои шӯришиёни Либия кӯмаки молиявӣ расондааст.
XS
SM
MD
LG