Пайвандҳои дастрасӣ

Дар задухӯрдҳои Қоҳира садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд


Задухӯрдҳо дар Қоҳира

Задухӯрдҳо дар Қоҳира

Ҳукумати Миср мегӯяд, дар даргириҳои маркази Қоҳира тақрибан 600 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Тақрибан 40 нафар аз нируҳои амниятӣ низ захмӣ шудаанд. Нируҳои амниятӣ барои пароканда сохтани тазоҳуркунандагони ғазаболуд, ки аслан ҷавонон мебошанд, ҳамчунон аз гази ашковар ва чӯбдастҳо истифода мекунанд. Тазоҳуркунандагон тақозо доранд, ки мурофиаи додгоҳии мақомоти қаблӣ зудтар баргузор шавад. Ин нахустин задухӯрд дар майдони Таҳрир дар ҳафтаҳои ахир аст, дар майдоне, ки тазоҳуроти эътирозӣ баргузор ва бо суқути Ҳунсӣ Муборак ба поён расид.
XS
SM
MD
LG