Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди Наришкин ва Сердюков аз Душанбе ба поён расид


Сергей Наришкин дар Душанбе

Сергей Наришкин дар Душанбе

Боздиди Сергей Наришкин-раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Русия ва Анатолий Сердюков-вазири дифои Русия аз Тоҷикистон ба поён расид. Баъд аз мулоқоти ин ду нафар бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон Наришкин гуфт, дар ҷараёни боздиди Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия аз Тоҷикистон қарордоди ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишвар барои солҳои 2011-2014 ба имзо мерасад. Ба гуфтаи Наришкин, Русияву Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаҳои марзӣ низ қарордод имзо мекунанд:

“Санад дар бораи ҳамкориҳои марзӣ низ омода шудааст. Дар маҷмӯъ онро ҳар ду кишвар ба тавофуқ расондаанд. Такмили баъзе ҷанбаҳои фаннӣ идома дорад. То рӯзи боздид ду моҳи дигар ҳаст, ҳеҷ шаке нест, ки ин ҷанбаҳо низ ҳамоҳанг хоҳад шуд ва дар ҷараёни боздиди раиси ҷумҳур ба имзо мерасад”.


Сергей Наришкин гуфт, 5-ӯми сентябр дар шаҳри Душанбе аз 20-ӯмин солгарди ташкили давлатҳои муштаракулманофеъ ё СНГ таҷлил ба амал меояд. Тоҷикистон ба унвони раиси давраии ин иттиҳод мизбонии ин ҷашни солгардро бар ӯҳда хоҳад дошт. Дар он раҳбарони кишварҳои узв ширкат меҷӯянд.
XS
SM
MD
LG