Пайвандҳои дастрасӣ

Тими миллии футболи Афғонистон дар нахустин бозиаш дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 аз дастаи мунтахаби Фаластин бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ рӯзи 29-уми июн дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури тахминан севуним ҳазор тамошогар баргузор шуд.

Мурод Алян, бозигари Фаластин, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 28-ум ҳисобро боз кард. Ӯдар дақиқаи 71-ум боз имкони хуби голзанӣ дошт, вале тӯби аз ҷаримаи 11-метра задаашро дарвозабони тими Афғонистон Ҳамидуллоҳ Юсуфзай бо пояш баргардонд. Голи дуввуми Фаластинро Исмоил Аламур дар дақиқаи 87-ум зад.

Натоиҷи чаҳор бозии дигари нахустин даври сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар қораи Осиё, ки 29-уми июн баргузор шуд, чунин аст: Камбоҷа – Лаос – 4:2, Непал – Тимори Шарқӣ – 2:1, Шри-Ланка – Филиппин – 1:1, Муғулистон – Мянмар – 1:0, Бангладеш - Покистон-3:0, Вйетнам -Макао-6:0 ва Малайзия-Тайван-2:1.

Бозиҳои ҷавобӣ 3-юми июл баргузор мешаванд. Ғолиби ҷуфти Афғонистон - Фаластин аз рӯи натоиҷи ду бозӣ дар даври дуввум бо тими миллии Тайланд рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки тими миллии Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 аз даври дуввум ширкат хоҳад кард. Рақиби футболбозони тоҷик тими миллии Сурия мебошад. Нахустин бозии дастаи Тоҷикистон 23-юми июл дар сафар ва бозии ҷавобӣ 28-уми июл дар шаҳри Турсунзода доир хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG