Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазифаи болотари сардори масъулони фавти Сангов


Сарҳанг Раҳмонқул Давлатов сардори Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таин шуд.

То таъйиноти наваш Давлатов сардори шӯъбаи умури дохилии “Сино-1” буд ва гуфта мешавад, ба боздошти Сафаралӣ Сангов, ки дар ин ҳодиса ба ҳалокат расид, раҳбарӣ кардааст. Аммо сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Маҳмадулло Асадуллоев мегӯяд, сарҳанг Давлатов дар боздошти Сангов ширкат накардааст.

Вай ба Радои Озодӣ гуфт: “Ин одам дар боздошти Сафаралӣ Сангов ягон дахолат надорад. Одамоне, ки вайро боздошт кардаанд, онҳо ба ҷавобгариии ҷиноӣ кашида шудаанд.”

Дар робита бо фавти Сангов ду корманди шӯъбаи умури дохилии “Сино-1”, зердастони бевоситаи Давлатов -- Абдураҳмон Ёқубов ва Қодир Ҳасанов муттаҳам шуда, баррасии парвандаи онҳо дар додгоҳ идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз дар моҳи апрел вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ба хабарнигорон гуфта буд, ки афроди дастдошта дар куштори Сангов бояд ҷазо гиранд. Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, агар Раҳмонқул Давлатов ба амалиёти боздошти Сангов бевосита раҳбарӣ накарда бошад ҳам, мебоист барои аъмоли зердастонаш муҷозот мешуд.

Хабаргузории «Азия-Плюс» порчаҳое аз мусоҳибаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоровро нашр кардааст, дар он вазир мегӯяд, раҳбари шӯъбаи умури дохилии “Сино-1”-ро ҷазо хоҳад дод, зеро “сардор барои ҳар корманди худ масъулияти бевосита дорад”.

Масъули омӯзиши масъалаҳои марбут ба шиканҷа дар созмони ҳуқуқшиносони ҷаҳони "Ампаро"-и Тоҷикистон, Дилбар Самадова дар шарҳи таъиноти нави сарҳанг Раҳмонқул Давлатов ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ман аз ин таъйинот сахт дар ҳайрат мондам. Ин ҳам дар ҳоле ки ахиран созмони мо ва даҳҳо ниҳоди ғайридавлатии Тоҷикистон якҷо бо Созмони афви Байнулмилал дар номае аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, бо иҷрои комили қонунҳо ва назорати қатъӣ ба шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудагон хотима гузоранд. Ин ҳам дар ҳоле ки ба ҳар боздоштшуда ва ҳатто онҳое, ки ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд, бадрафторӣ раво дида мешавад."

Ба ин гузориш ва мусоҳибаи ихтисосӣ бо намояндаи созмони ҳуқуқшиносони ҷаҳони "Ампаро"-и Тоҷикистон, Дилбар Самадова гӯш диҳед.
Мусоҳиба бо Дилбар Самадова
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00
XS
SM
MD
LG