Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порламони Юнон ба бастаи сахтгирона рай дод


Задухӯрд дар Афина
Задухӯрд дар Афина
Намояндагони порламони Юнон бо аксарияти ночизи оро ба ҷонибдорӣ аз бастаи сахтгиронаи кӯмаки молӣ рай доданд. Ин дар ҳолест, ки дар назди бинои порламон тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди вазъи бӯҳронии молӣ идома дорад. Ин рай ба ҳукумати Ҷеорҷ Папандреу-нахуствазири Юнон имкон медиҳад, ки иҷрои тадобирро барои ҳифзи 28,4 миллиард евро то соли 2015 ба иҷро дарорад. Дар ҳамин ҳол тазоҳуроти эътирозии 48 соата дар Афина-пойтахти Юнон идома дорад ва бо тазоҳуркунандагон задухӯрд рух додааст. Онҳо бар зидди тадобири сахтгирона ва коҳиши масрорифи иҷтимоӣ ва боло бардани мизони молиёт эътироз мекунанд. 46 нафар дар ин даргириҳо маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG