Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баррасии аризаи Дилафрӯз, як сокини Душанбе, ки раҳбари собиқашро ба талош барои муносибати маҳрамона муттаҳам мекунад, оғоз шудааст.

Дар мурофиа, ки таҳти сарварии додрас Хуршед Имомов барпо шуд, роҳбари корхонаи Дилафрӯз ҳам ба ҳайси айбдоршаванда иштирок дошт.

Ба қавли Дилафрӯз, муносибати роҳбараш бо ӯ дар ҳолате ба сардӣ гаравид, ки вай ба роҳбараш дар бораи вайрон шудани оилааш, ҳомиладорӣ ва ниёз ба дастгирии молӣ, яъне зиёд кардани басти кориаш муроҷиат кардааст.

Хонум Дилафрӯз, афзуд, ки вақте роҳбараш ӯро бо аҳдофи қаробати ҷинсӣ ба як манзил бурду ҷавонзан ба вай посухи рад дод, роҳбар ӯро аз кор ронд.

Дилафрӯз дар додгоҳ мегуфт, ки роҳбар ӯро дар ҳолати тангдастияш аз музди кор маҳрум кард.

«Ман як тифли бемор дорам ва дар иҷора зиндагӣ мекунам. Роҳбарам ба ҷойи он ки ба ман кӯмак кунад, баръакс ба ман муносибати бад кард ва бо қарор маро аз кор пеш кард. Пас бояд ман чӣ кор кунам.»

Дилафрӯз дар мурофиа аз додрас хост фармони ихроҷи ӯ бекор ва музди думоҳаи кораш ҷуброн шавад. Вай мегӯяд, ки хабари барканорияшро баъд аз имзо шудани фармони роҳбар шунидааст. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки Кодекси меҳнати Тоҷикистон, барои чунин ҳолат муқаррароти махсус пешбинӣ кардааст. Дар ин қонун гуфта мешавад, ки вақте корфармо коргарашро аз кор озод мекунад, бояд то шуғли нав пайдо кардани коргар ӯро нигоҳ дорад ва музди меҳнати ӯро ҳифз кунад.

Айбдоршаванда, яъне роҳбари корхонае, ки Дилафрӯз дар он кор мекард, ягон ҳарфи ҳамкори собиқашро напазируфт. Ва гуфт, ки ӯ ин иттиҳомро нисбати худаш таҳқир медонад. Айбдоршаванда далели аз кор рондани Дилафрӯзро вайрон кардни қонуни меҳнат донист. Вай гуфт, ки воқеан Дилафрӯзро ба хонаи истиқоматӣ бурдааст, аммо на бо қасди таҷовус ба номус, балки бино ба эҳтиёҷи молии Дилафрӯз мехост, ӯро бо роҳбарияти як фирма ошно кунад.

Дар мурофиа, ки озод доир мегардид, тарафҳо давоми чоруним соат ба саволҳои додрас ва додситон посух гуфтанд. Поёни мурофиа ранги тундро гирифт ва айбдоршаванда маҷбур шуд, ки толори мурофиаро тарк кунад.

Нозири муҳокима Ойниҳол Бобоназарова, мегӯяд, дар муқоиса ба мурофиаҳое, ки иштирок кардааст, фазои додгҳо озод ва мутобиқ ба қавонини кишвар буд. Афзун бар ин мегӯяд хонум Бобоназарова тарафҳо, айбдоршаванда ва ҷабрдида тавонистанд, ки бо ҳам рӯ ба рӯ шаванд ва хеле аз норӯшаниҳои даъвоҳои худро, ки дар парванда қайд шудааст, рӯшан кунанд. Додситон ва додрасҳо ҳам масъулият нишон дода, дар доираи қонуни мурофиаҳои шаҳрвандӣ ва кодекси меҳнат, ки асосан даъво сари вайрон кардани қонуни меҳнат меравад, мавқеи воқеӣ ва ҳирфаӣ нишон доданд.

«Ҳар ду тараф озодона фикру далелҳои худро гуфтанд. Дилафрӯз мегуфт, ки гӯё ғайриқонунӣ аз кор пеш карда бошанд. Роҳбари корхонаи Дилафрӯз ҳуҷҷатҳои зиёдро нишон дод ва гуфт, ки аз кор пеш кардани Дилафрӯз қонунӣ аст. Мурофиаи ба тарафҳо имконияти пурра дод, ки фикрҳои худро гӯянд. Сатҳи гузориши мурофиа хуб буд.»

Аз сабаби он, ки тарафҳо дар мурофиа барои ҳақ будани худ далелҳо меоварданд ва мурофиа кашол ёфт, додрас қарор дод, ки имрӯз дар корхонае, ки Дилафрӯз ва роҳбараш кор мекунад, мурофиаи сайёр, яъне мурофиа дар ҳузури кормандон гузаронида шавад. То ҳамкорон ҳам дар ин мурофиа иштирок кунанд ва далелҳои ҷонибҳо асоснок карда шавад. Аммо то ҳоло хулосаи охири парванда эълон нашудааст.

Дилафрӯз нисбати амали роҳбараш ба унвонии раиси ҷумҳур, вазири тандурустӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон нома навиштааст. Аммо дар мурофиа намояндагони ҳеҷ як аз ин ниҳодҳои давлатӣ ва мардуми иштирок надоштанд.

Бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон як хонум нисбати амалкарди роҳбараш, ки гӯё бо ӯ «қасди ҳамлаи ҷинсӣ доштааст», ба додгоҳ шикоят мебарад. Дар Тоҷикистон, ба истилоҳ, ҳамтақдирони Дилафрӯз, яъне онҳое, ки зери истисмори амалҳои маҳрамона дар корхонаҳо қарор мегиранд, кам нестанд. Аммо, ҷуръати онҳо ба додгоҳҳо барои ҳимояи худ камранг аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG