Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Покистон 6 корманди нухбаро бегуногҳ эълон кард


Додгоҳи зиддитерроризми Покистон 6 нафар кормандони нухбаи шибҳанизомӣ ва як ғайринизомиро дар робита бо тарандозии маргбори наворбардоришудаи як марди бесилоҳ ҳукми худро содир кард. Додситон Муҳаммадхон Буриро имрӯз гуфт, ки гуноҳи ин 7 нафар дар куштор исбот нашудааст ва онҳоро бегуноҳ эълон кардаанд. Куштори Сарфароз Шоҳ дар авоили моҳи ҷорӣ дар Карочӣ, ки ҷараёни он тасодуфан рӯи навори видео омадааст, борҳо аз тариқи телевизионҳо пахш шуд ва он ғазаби густардаро барангехтааст. Буриро гуфтааст, мурофиаи ин парванда барои рӯзи панҷшанбе гузошта шудааст.
XS
SM
MD
LG