Пайвандҳои дастрасӣ

Шабехун ба меҳмонсарои хориҷиён дар Кобул


Afghanistan -- The Inter-Continental hotel in seen in the dark as tracer bullets are shot during an attack in Kabul, 29Jun2011

Afghanistan -- The Inter-Continental hotel in seen in the dark as tracer bullets are shot during an attack in Kabul, 29Jun2011

Дар ҳамла ба меҳмонсарои "Intercontinental"-и Кобул чандин нафар, аз ҷумла 1 хориҷӣ кушта шудаанд.

Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, дар ин ҳамла ба камияш 12 нафар кушта шудаанд.

Бино ба хабари ин вазорат, 9 шаҳрванди ғайринизомии Афғонистон, 2 корманди полис ва як шаҳрванди Испания дар ин ҳодиса ба қатл расидаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, афроди номаълум шабонгоҳ ба меҳмонсаро ҳамла бурдаанд ва тирандозӣ чанд соат идома доштааст.

Ба гуфтаи Аюб Солангӣ, раиси идораи полиси шаҳри Кобул, дар задухӯрд дастикам 6 тан аз ҳамлагарон ҳам кушта шудаанд. Дар ҷараёни ҳамла дасти кам се маргталаб худро дар меҳмонсаро таркониданд. Дар амалиёти зидди ҷангиён чархболҳои нерӯҳои байнулмилалӣ ҳам ширкат доштанд, ки мусаллаҳони дар боми меҳмонсаро сангаргирифтаро тирборон карданд.



Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтаанд. Тибқи хабарҳо, 13 ғайринизомӣ ва 5 корманди полис дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд.

Intercontinental яке аз беҳтарин меҳмонсароҳои Кобул маҳсуб мешавад ва он ҷо, таври маъмул, меҳмонони хориҷӣ ва дипломатҳо иқомат мекунанд. Ҳангоми ҳамла беш аз 60 нафар дар меҳмонсаро буданд.
XS
SM
MD
LG