Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ниҳоди молии Русия ба ҳам муттаҳид шуданд


Дар Русия ду маркази аслии табодули саҳом ба ҳам муттаҳид шуд, то Маскавро ба маркази бузурги молии ҷаҳон табдил диҳад. Агар қарордоди миёни Низоми Тиҷоратии Русия ва Маркази табдили асъори интербонки Маскав дар ҷаласаи саҳмиядорони ин ду марказ ва Хадамоти зидди инҳисории Русия ба тасвиб расад, дар он сурат ин ниҳоди нави молӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад. Дар он сурат рақобати ин ду ниҳоди молии Русия поён хоҳад ёфт ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ беҳтар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG