Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо БОР тавсеа меёбад


Имрӯз дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Ашок Кумар Лоҳирӣ-мудири иҷроии Бонки Осиёии Рушд ё БОР масъалаҳои ҳамкории густардаи ду ҷониб баррасӣ шуд. Ҳимоят аз рушди баъдии иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон аз сӯи ин бонк аз чунин масъалаҳо будааст. Ин бонк дар бахшҳои сохтмони роҳҳои автомобилгарду роҳи оҳан ва эҳдоси шабакаҳои барқи Осиёи Марказиву Ҷанубӣ сармоягузорӣ кардааст. То ҳол ин бонк ба Тоҷикистон 372 миллион доллар қарзи боимтиёз ва 284 миллион доллар қарз додааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG