Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федератсиюни байнулмилалии футбол) байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон мавқеашро дар ҷойи 135-ум нигоҳ дошт.

Тоҷикистон миёни ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ аз Туркманистону Қирғизистон пеш аст. Русия, ки миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал мебошад, мавқеаш як зина боло шуд (18-ум).

Мавқеи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 40-ум (53-м буд) Беларус. 42 (35) Укроин. 56 (57) Гурҷистон. 58(47) Литва. 70 (62) Арманистон. 79 (75) Эстония. 82 (77) Латвия. 85 (86) Молдова. 86 (83) Узбакистон. 112 (108) Озарбойҷон. 126 (139) Қазоқистон. 135 (135) Тоҷикистон. 143 (141) Туркманистон. 169 (169) Қирғизистон.

Дастаи миллии Испания дар феҳристи навини FIFA мисли пешин дар ҷои аввал аст. Ҳолланд дар ҷои дуввум ва Олмон дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Инглистон, Бразил, Италия Португол, Хорватия, Мексика ва Аргентина ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷои 20-ум қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон (дар феҳристи ҷаҳонӣ 13-ум), Австралия (22), Кореяи Ҷанубӣ (26), Эрон (50), Чин (75), Урдун (84). Узбакистон (86), Арабистони Саудӣ (92), Қатар (94) ва Ироқ (89).

Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG