Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди ду мақоми Русия аз Тоҷикистон оғоз шуд


Сергей Наришкин
Сергей Наришкин
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Анатлий Сердюков-вазири дифоъ ва Сергей Наришкин-раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Русия оғоз шудааст. Дар ин мулоқот аз ҷумла масъалаи боздиди расмии Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия аз Тоҷикистон баррасӣ шуд. Интизор меравад, ки ин боздид тирамоҳи соли ҷорӣ сурат бигирад. Ин боздид бо иҷлоси сарони кишварҳои узви Ҷомеъаи муштаракулманофеъ дар Душанбе ҳамзамон анҷом мегирад. Мавзӯи дигари гуфтугӯҳои меҳмонон бо ҷониби Тоҷикистон истифода аз фурудгоҳи низомии Айнӣ ва истиқрори мушовирони Русия дар марз бо Афғонистон мебошад.
XS
SM
MD
LG