Пайвандҳои дастрасӣ

Сарҳанг Раҳмонқул Давлатов мақоми болотар гирифт


Сарҳанг Раҳмонқул Давлатов-сардори раёсати амнияти дохилии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таин шуд. Дар ин бора Маҳмадулло Асадуллоев -сухангӯи ин вазорат ба “Азия Плюс” хабар додааст. Пештар дар ин мақом Сайдулло Пиров кор мекард, ки дар меҳмонсарое дар Хуҷанд ба таври асроромез даргузашт. Сарҳанг Раҳмонқул Давлатов, ки то ҳоло раиси полиси ноҳияи Синои пойтахт буд, амалиёти боздошти Сафаралӣ Санговро раҳбарӣ кардааст. Баъд аз чанд соати боздошт Сангов дар бемористон ҷон дод. Аммо Маҳмаддулло Асадуллоев-сухангӯи вазорат ба радиои Озодӣ гуфт, Раҳмонқул Давлатов дар боздошти Сангов дахолат надорад:

“Ин одам дар боздошти Сафаралӣ Сангов ягон дахолат надорад. Одамоне, ки вайро боздошт кардаанд, онҳо ба ҷавобгариии ҷиноӣ кашида шудаанд”.

Дар робита бо куштори Сангов ҳоло мурофиаи додгоҳии Абдураҳмон Ёқубов ва Қодир Ҳасанов идома дорад. Моҳи апрел вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба матбуот гуфта буд, ки афроди дастдошта дар куштори Сангов ба муҷозот кашонда мешаванд.
XS
SM
MD
LG