Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се ҷоизаи як филми тоҷикӣ дар Амрико


Филми «Худкуш» ҳафтумин филми Рустам Шоазимов буда, он чанде аз мавзӯъҳои мубрами замони муосирро, монанди масоили экологӣ, фалсафаи ҷаҳони ботинии инсон ва ахлоқи ҳамидаи одамӣ фаро мегирад.

Филми мазкур бо ширкаташ дар ин фестивали бонуфузи амрикоӣ ба фестивалҳои бонуфузи дигар, ки дар тирамоҳи соли равон дар Олмон, Фаронса, Амрико ва дигар кишварҳои пешрафта ҷаҳон барои худ роҳ кушодаст.

Суол: Нахуст шуморо табрик мегӯем. Ва баъдан бигӯед, ки бовар доштед, филми шумо дар чунин як фестивали бонуфузи байналмилалӣ якбораи се ҷоизаро ба даст меорад?

Шоазимов: Ташаккури зиёд барои табрикатон. Ва бовар кунед, ҳаргиз ман бовар надоштам, ки умуман ягон ҷоиза мегирифта бошад. Вале вақте аз интернет дар миёни филмҳои ҷоизадор номи худ ва филми худро хондам, бовар накардам. Хеле шод шудам. Бубинед барои инсони эҷодкор чунин қадрдонӣ чӣ қадар муҳим аст. Ӯро ба корҳои боз ҳам беҳтару хубтар ҳидоят мекунад. Ҷоиза ба филми беҳтарин, ҷоиза барои коргардони беҳтарин ва ҷоиза барои нақши асосӣ ба Берди Мингбоев дода шудааст, ки моро хеле шод гардонид.

Суол: Шумо филматонро мисле, ки фиристодеду худатон ҳузур надоштед дар он фестивал, не?

Шоазимов: Бале, ман худам нарафта будам. Як коргардони амрикоӣ омда буд ба Душанбе ва ман филмамро ба ӯ нишон додам. Ба вай мавзӯъи он хеле писанд омад ва пешниҳод кард, ки ба фестивал фиристонам онро. Пеш аз ин фаронсавиҳо филми маро хостанд харидорӣ кунанд, ман розӣ нашудам. Гуфтам, ки ба фестивали Амрико мефиристам онро. Филмро фиристондаму баъди ягон ду ҳафта ҷавобаш омад, ки филми «Худкуш»-и ман якбора соҳиби чанд ҷоиза шудааст.

Суол: Ба назари шумо чӣ бештар таваҷҷӯҳи ҳакамони чунин як фестивали бонуфузро ба худ кашидааст. Мавзӯъи филм, хатти сюжа, ё бештар чӣ?

Шоазимов: Ба назари ман бештар аз ҳама мавзӯъи филм, ки хеле муҳиму ҷаҳонӣ аст. Ман дар филмам ҳам мавзӯъи экология, яъне ҳифзи муҳити зит ва дигар фалсафаи ҷаҳони ботини инсон ва ё чуноне мегӯянд, андешаи буду набудро ё ин, ки интихобро ҷой додаам.

Қаҳрамони филми ман як марди ҷангалблон аст, ки пушт ба пушташон ҷангалбонӣ кардаанд ва ҳамеша барои ҳифзи табиат талош кардаанд.

Вале ин мард ягон фарзанд надошт. Вақте Худо фарзанд атояш мекунад, яъне дар батни ҳамсари ӯ фарзанд пайдо мешавад, як зани фолбин бо пойи худ меояд ва ӯро фол мебинад. Мегӯяд, ин фарзанде, ки таваллуд мешавад бояд шахси бисёр мӯътабар ва сарватманде шавад. Лекин як шарт ҳаст. Бояд ту оҳубачаи ҷавонро кушта гӯшташро ба ҳамсарат хуронӣ. Ҷангалбон фикр мекунад, ки охир дар панҷ сол як оҳубарра дар ҷангал таваллуд мешавад. Агар ӯ онро кушад, пас зидди худ кор мекунад. Вале охири охирон розӣ мешавад ва оҳубарраеро кушта, гӯшташро ба занаш мехӯронад. Баъди ин тамоми корҳои некаш ба бадӣ анҷом меёбанд ва кораш пеш намеравад. Ва дар охири филм овардем, ки ҳамон зани фолбинро мебинад ва мегӯяд, ту маро ба ин кор водор кардӣ ва ман чунин хаторо содир кардам. Зани фолбин ба вай мегӯяд, ин гуноҳи худи туст. Ту имконияти интихоб карданро доштӣ, вале аз он нодуруст истифода кардӣ.

Филм бо ҳамин суханон сар мешавад:

«Агар ту як баргакеро барканӣ, як бор биандеш, оё оҳу ҳасрати он мақсади туро сазовор аст?»

Ва филмро ин суханон анҷом мебахшанд:

Гар бар рамузи кирдикор лавҳи хирад варақ занӣ,
В-аз сари тири коинот пардаи роз барканӣ,
Зарраи камтарини он мекунадат чунин баён,
Сирри ниҳони гавҳарӣ, ман туяму ту дар манӣ.


Яъне дар ин дунё ҳама чиз ба ҳам пайвастагӣ дорад.

Суол: Яъне тақдир сарнавишт, қаҳрамони шуморо имтиҳон кардааст, ки то куҷо ба табиат ва он коре ки дилбастагӣ дорад,содиқ аст, ҳамин тавр? Воқеан мавзӯъи хеле ҷолиб ва тозаву дастнохурда ҳам ҳаст.

Шоазимов: Бале, вақте инҷо намояндагони академия олимон онро тамошо карданд, маънои фалсафии онро дарк карданд ва пазируфтанд. Ман дар ин филм маъниҳои классикиро ба монанди пайдоиши Одаму Ҳавво, ки чӣ хел аввалин гунаҳро содир кардаву аз биҳишт ронда шуданд, овардаам ва низ ин фалсафаи зиндагиро, ки бубинед, одам пайи чизу чора ва молиёт медавад, медавад ва як бор истода надеша намекунад, ки охир вай дар фикри суди худ олами атрофи худро хароб мекунад. Агар ҳамин хел давом кунад, олами атрофи мо табиати мо нобуд мешавад.

Суол: Ин филми шумо бо иштирокаш дар ин фестивали амрикоӣ акнун барои худ роҳ кушод ба фестивалҳои дигари ҷаҳонӣ. Ва бигӯед, ки ин идеяи кӣ буд ва муаллифи сенария кист?

Шоазимов: Муалифи идея ва сенария худи ман ҳастам. Ман менависам бисёр. Чандин ҳикояҳо навиштаам ва матни филмҳои пешини худро худам навиштаам. Боз ба 8 фестивали дигар роҳхат гирифтем ва мумкин аст иштирок кунем дар соли оянда.

Суол: Мо фаҳмидем, ки сари филми дигаре бо номи «Вафодор» кор мекунед. Мешавад гуфт, ки ин филм ҳам мисли парастуи озоде дар фестивалҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба истилоҳ лона гузорад?

Шоазимов: Иншооллоҳ, онро ҳам қариб тамом кардем. Танҳо дубляжи он мондааст. Шояд, шояд. Чунки мавзӯъ он ҳам ҳақиқату ҳақпарастӣ аст. Ва тайёрӣ дида истодаем, ки онро ҳам ба ягон фестивали бонуфуз фиристем.

Суол: Бигӯед, ки дар шароити кунунии кино индустрияи Тоҷикистон филмҳое, ки воқеъан ҷавобгӯи талаботи фестивалҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бошанд, ба навор гирифтан имкон дорад? Ба шумо кӣ кӯмак кард дар ин филм? Манзури ман маблағ ва фановариву таҷҳизоти филмбардорӣ аст?

Шоазимов: Албатта ҳоло каме душвор аст бардоштани чунин филмҳо. Вале дар студии мо, ки «МК-Студия» ном дорад, ҳамдигарфаҳмиву дӯстӣ, ки пойдор аст, ин кор чандон душвор набуд. Сарвари мо Маҳмадраҳим Каримов шахси бисёр хоксору оддӣ ва бофаҳм аст. Мо ҳунармандонро хуб мефаҳмад ва дар ҳама кор кӯмак мекунад. Муваффақиатҳои ин филми ман ҳам натиҷаи кӯмаку дастгириҳои хуби устод Маҳмадраҳим Каримов буд.

-Ташаккур ва ба шумо барори эҷодӣ хоҳонем.
XS
SM
MD
LG