Пайвандҳои дастрасӣ

Вакили мудофеъ барои узвият ба додгоҳ кашонда шуд


Наргис Муҳаммадӣ

Наргис Муҳаммадӣ

Яке дигар аз ҳамкорони Ширин Ибодӣ-барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел барои узвият дар Конуни мудофеони ҳуқуқи башар ба додгоҳ кашонда шуд. Наргис-вакили мудофеъ ҳамзамон муовини раиси ин конун ба шумор меравад, конуне, ки раёсати онро Ширин Ибодӣ бар дӯш дорад. Наргис мегӯяд, вай се иттиҳоми мушаххас доштааст: узвият дар Конуни мудофеони ҳуқуқи башар, фаъолияти таблиғӣ алайҳи низоми мавҷудаи давлат ва севвум ҳамоиш, ки гуфта мешавад, мухолифи амнияти миллист. Хонум Наргис гуфтааст, ки ҳамаи ин иттиҳомтро рад кардааст. Нируҳои амниятӣ Наргисро моҳи июни соли 2010 боздошт карда буданд.
XS
SM
MD
LG