Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Саъудӣ 5 зани ронандаро боздошт карданд


Як фаъоли ҳуқуқи башари Арабистони Саъудӣ мегӯяд, 5 нафар занон барои эътироз бар зидди қонуни муҳофизакоронаи ин кишвари шоҳигарӣ дар бораи танҳо мардон доштани иҷозаи ронандагӣ боздошт шудаанд. Дар давоми тақрибан ду ҳафтаи тадобири мақомот бар зидди эъътирозҳо барои маҳдудиятҳои ронандагӣ бори аввал онҳо даст ба боздошт задаанд. Даҳҳо нафар занон аз он замон то ҳол дар шаҳри Риёд-пойтахти Саъудӣ ва шаҳрҳои дигар пушти фармони мошинҳо нишастаанд. Хонум Имон ал-Нафҷон фаъоли ҳуқуқи башари ин кишвар ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтааст, дар бораи занони боздоштшуда маълумот нест. Онҳо ҳангоми ронандагӣ дар роҳ аз Ҷидда ба соҳили Баҳри Сурх боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG