Пайвандҳои дастрасӣ

Наришкин ва Сердюков аз Тоҷикистон боздид мекунанд


Анатолий Сердюков

Анатолий Сердюков

Қарор аст Анатолий Сердюков-вазири дифоъ ва Сергей Наришкин- раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Русия барои як боздид вориди Душанбе шаванд. Пешгӯӣ мешавад, ки ҳарду мақоми Русия бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот хоҳанд дошт. Бино ба хабарҳо, дар дидори Сергей Наришкин бо мақомоти Тоҷикистон боздиди расмии Дмитрий Медведев- раиси ҷумҳури Русия аз Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд, ки барои тирамоҳи соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин сафар ҳамзамон бо иҷлоси раҳбарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар Душанбе мусодиф аст. Расонаҳои хабарии наздик ба низомиёни Русия аз қавли манобеъи худ дар ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия менависад, ки ҳадафи аслии сафари Сердюков ба Душанбе, баррасии густариши ҳузури низомии Русия дар марз бо Афғонистон баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз ин кишвари ҳамсоя мебошад.
XS
SM
MD
LG