Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи Интерпол дар Душанбе


Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории тарҳи «Калкан»-и Интерпол таҳти унвони «Терроризм дар минтақа» идома дорад.

Дар ин нишаст, ки дар Коллеҷи олии идораи марзҳои САҲА дар Душанбе баргузор мешавад, 30 коршинос аз 13 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.

Қаблан ин ҷаласаҳо дар шаҳрҳои Алмаато, Боку, Тифлис, Теҳрон ва Маскав баргузор шуда буданд. Дар нишасти Душанбе пулиси кишварҳои гуногун дурнамои ҳамкориҳо алайҳи терроризм ва тундгароии диниро дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, аз ҷумла Афғонистон ва Покистон баррасӣ мекунанд. Мусоиҳибаи мо бо Алан Сколан, ректори Коллеҷи олии идораи марзҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар бораи аз аҳдофи ин нишаст. Оқои Сколан нуфт:

- Ба Шумо маълум аст, ки ҳамчунин як тарҳе аст, бо номи «Калкан» дар Интерпол. Ин тарҳ мубориза алайҳи як минтақаи бузургро дарбар мегирад. Мутахассисоне, ки дар кишварҳои ин паҳно машғули мубориза алайҳи терроризм ҳастанд, дар нишасти мо табодули иттилоъ мекунанд. Мо аз Коллеҷи олии идораи марзҳо низ дар ин самт фаъолият дорем ва барои иҷрои амалиёт ҳамкорӣ мекунем. Бар иловаи 56 кишвари узви САҲА боз 12 кишвари дигар бо ин тарҳ ҳамкорӣ мекунанд. Вазифаи мо миёни ин кишварҳо ба роҳ андохтани робита, табодули иттилоъ ва ҳамчунин огоҳ кардан аз таҷрибаҳои беҳтарин барои беҳбуди амният ва назорати марзҳо аст.

Савол: Шумо аз ҳудуди 70 кишвар сӯҳбат кардед. Аммо чаро дар нишасти имрӯз танҳо 13 кишвар даъват шудаанд, масалан, аз Аврупо танҳо, аз рӯи иттилоъи мо Испания ширкат дорад?

Посух:
Барои он ки ин кишварҳо феҳристи ягонаи мавзӯҳо барои баррасиро доранд. Миёни ин кишварҳо аз як парванда то ду — се парванда вуҷуд дорад. Ин гурӯҳи корӣ ба он хотир ташкил шуд, то иттилоъ аз кишварҳое гирифта шавад, ки онро бояд дошта бошанд. Кишваре, ки дар бораи ягон парвандаи вижа чизе намедонад, набояд даъват шавад. Яъне шумо чизе надоред, чаро инҷоед?

Савол: Метавонед бигӯед, ки кадом кишварҳо кадом парвандаҳои муштаракро доранд ва дар кул ин раванде, ки шумо мегӯед, яъне таҳқиқи як ҷиноят дар чанд кишвар чӣ тавр мегузарад?

Посух:
Кишварҳо ҳама ба таҳқиқот рабт доранд, ман ба шумо онҳоро номбар карда наметавонам. Ҳамчунин парвандаҳои миёни онҳоро. Аммо ин нуктаро мегӯям, ки олами ҷиноӣ марз намешиносад. Масалан, ягон ҳодисаи ҷиноӣ дар Покистон ё Ҳиндустон ба амал меояд, аммо дар кишвари дигар ё хеле дур таҳия шудааст. Ё дар Душанбе коре мешавад, ки дар дурии дур, дар ягон кишвари дигар тарҳрезӣ шудааст. Яъне ин ҷо мардуме ҷамъ омадаанд, ки манфиати умумӣ доранд.

Савол: Масалан, тарҳи «Калкан» чӣ дастовардҳо тайи шаш соли амалаш дорад?

Посух:
Дастовардҳо ба таври ҳамешагӣ ҳастанд. Агар шумо дар ин соҳа кор кунед, ки аз ҳама муҳим табодули иттилоъ аст. Пас аз ҳар як нишасти гурӯҳи корӣ натиҷаҳо ҳам ҳастанд. Масалан, ман ҳам то як соли пеш дар Котиботи олии Интерпол дар Фаронса кор мекардам. Аз таҷрибаи худ медонам, ки дар чандин кишварҳои ҷаҳон боздоштҳое бо мусоидати Интерпол сурат гирифтаанд. Интерпол барои кишварҳои гуногун шароит фароҳам меорад, яъне иттилоъи дақиқ пешниҳод мекунад ва он кишвар нафари мавриди назар - ҷинояткорро боздошт менамояд.

Савол: Масалан, бо мусоидати Интерпол чанд шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд? Оё ин гуна маворид ҳастанд?

Посух:
Албатта, ҳастанд. Ман ба шумо ному насабҳои муайянро гуфта наметавонам, аммо ин гуна боздоштҳо дар Тоҷикистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Русия, Покистон ва дигар кишварҳо сурат гирифтаанд ва ин фаъолиятҳои ҷорӣ аст. Албатта, онҳоро эълом намедоранд. Аммо шумо дар бораи ин боздоштҳо дар расонаҳои худ хондаеду хоҳед хонд. Нафароне, ки ин таҳқиқотро мебаранд, ҳаққи дар бораи онҳо сӯҳбат карданро надоранд.

Савол: Оқои Сколан, мавориде ба назар мехӯранд, ки Интерпол на ҳамеша онҳоеро боздошт мекунад, ки дар рӯйхаташ ҳастанд. Масалан, Тоҷикистон ҷустуҷӯи чандин нафарро эълом кардааст. Масалан, Маҳмуд Худойбердиевро, ки дар Ӯзбакистон қарор дорад. Аммо кишвари Ӯзбакистон инро қабул надорад. Шояд ҳамин гуна афрод дар Тоҷикистон ҳам ҳастанд. Масалан, Фаронса ҳақ дорад, ки ягон нафари аз сӯи Амрико мавриди ҷустӯҷӯ бударо надиҳад?

Посух:
Ин як принсипи роиҷи марбут ба иттилоъ аст. Агар як кишвар иттилоъ дораду ба кишвари дигар надиҳад, ҳаққи ӯст. Ман соҳиби иттилоям, агар нахоҳам намедиҳад. Ин принсипи умда аст. Мавориди зиёде ҳастанд. Мушаххасан намегӯям, ки дар ин кишвар ё он кишвар. Ин ҷо ҳуқуқи инсонро ҳам ба назар бояд гирифт. Ҳамчунин маҳдудиятҳо ҳастанд, эъломияҳои байнулмилалӣ, ки ҳамаро бояд риоя кард.

Савол: Оё фикр намекунед, ки таъсиригузории кори Интерпол таҳти суол гузошта мешавад? Чӣ бояд кард, ки вазъ беҳтар шавад?

Посух:
Фақат як калима: ҳамкорӣ. Фақат як калима. Барои ҷилавгирӣ аз ҳама гуна ҷиноёт бояд ҳамкорӣ кард, қабл аз ҳама дар табодули иттилоъ. Дар ин сатҳ Интерпол манбаъи аз ҳама асосии иттилоъ аст. 188 кишвар иттилоъ медиҳанд. Муроҷиат кунед, иттилоъро ба даст меоред. Ин мӯъҷиза аст, мӯҷиза»
XS
SM
MD
LG