Пайвандҳои дастрасӣ

Бар пояи охирин хабарҳо, бар асари ҳамлаи ҷангиён ба меҳмонсарои Intercontinental дар шаҳри Кобул даҳ нафар ба ҳалокат расида, ҳашт нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба гуфтаи Аюб Солангӣ, раиси идораи полиси шаҳри Кобул, дар задухӯрд дасти кам шаш тан аз ҳамлагарон ҳам кушта шудаанд.

Дар ҷараёни ҳамла дасти кам се маргталаб худро дар меҳмонсаро таркониданд.

Дар амалиёти зидди ҷангиён чархболҳои нерӯҳои байнулмилалӣ ҳам ширкат доштанд, ки мусаллаҳони дар боми меҳмонсаро сангаргирифтаро тирборон карданд.

Масъулияти ҳамларо ҷунбиши “Толибон” бар дӯш гирифт.

Intercontinental яке аз беҳтарин меҳмонсароҳои Кобул маҳсуб мешавад ва он ҷо, таври маъмул, меҳмонони хориҷӣ ва дипломатҳо иқомат мекунанд.

Ҳангоми ҳамла беш аз 60 нафар дар меҳмонсаро буданд.
XS
SM
MD
LG