Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилон иҷлосияи парлумони Туркияро таҳрим карданд


Вакилони аҳзоби мухолиф нахустин иҷлосияи парлумони нави Туркияро таҳрим карданд.

Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, вакилон аз ҳизби сулҳ ва демократия, ки аз курдҳо пуштибонӣ мекунад ва аз Ҳизби халқӣ-ҷумҳуриявӣ ба нишони эътироз алайҳи ҳабси сиёсатмадорони узви парлумон интихобшуда аз ширкат дар маросими савганд сарпечӣ карданд. Мақомоти Туркия сиёсатмадорони ин аҳзобро дар фаъолияти зиддиҳукуматӣ айбдор мехонанд.

Сарвазири Туркия Раҷаб Тайид Эрдуғон, раҳбари ҳизби адолат ва рушд, ки дар интихобот пирӯз шудааст, изҳор намуд, аҳзоби мухолиф талоши ташкили бӯҳрони парлумониро доранд.
XS
SM
MD
LG