Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастури боздошти Абдулқадири Фитрат содир шуд


Муовини Додситони кулли Афғонистон Раҳматулло Назарӣ

Муовини Додситони кулли Афғонистон Раҳматулло Назарӣ

Мақомоти Афғонистон дастури боздошти раиси пешини Бонки марказии кишвар Абдулқадири Фитратро, ки айни ҳол дар Амрико ба сар мебарад, содир карданд.

Муовини Додситони кулли Афғонистон Раҳматулло Назарӣ ба хабарнигорон гуфт, ки асноди зарурӣ барои боздошт ва истирдоди Абдулқадири Фитрат ба Интерпол ё Полиси байнулмилалӣ ва сафорати Амрико дар Кобул фиристода шудааст.

Оғои Назарӣ афзуд, ки иддаъои раиси пешини Бонки марказӣ дар бораи хатар ба ҷонаш дар Афғонистон бепояву бунёд аст.

Абдулқадири Фитрат рӯзи душанбе дар бораи истеъфояш хабар дод ва ин амалро бо он марбут кард, ки ба ҷонаш хатар таҳдид мекунад. Изҳороти ӯ баъд аз он нашр шуд, ки ҳукумати Афғонистон масъулияти дар вартаи шикаст қарор гирифтани Кобулбонкро қисман бар ӯҳдаи Фитрат гузошт.

Моҷарои пурсару садо атрофи Кобулбонк моҳи сентябри соли гузашта баъди он сар зад. Ба гуфтаи муфаттишон, ин бонки хусусӣ тақрибан ним миллиард долларро бе санад ва аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба мақомоти Афғонистон, аз ҷумла, пайвандони раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай қарз додааст.
XS
SM
MD
LG