Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лагард раиси Сандуқи байнулмилалии пул интихоб шуд


Кристин Лагард, вазири молияи Фаронса, раиси Сандуқи байнулмилалии пул интихоб гардид.

Дар ин бора дар нишасти раёсати ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ тасмим гирифта шуд.

Хонум Лагард нахустин занест, ки тайи панҷ соли оянда раёсати Сандуқи байнулмилалии пулро бар ӯҳда хоҳад дошт. Аз номзадии ӯ вазирони молияи Амрико, Русия, Чин, кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва дигар мамолик пуштибонӣ карданд.

Раиси пешини Сандуқи байнулмилалии пул Доминик Стросс-Кан моҳи майи соли равон баъд аз иттиҳоми таҷовуз ба номуси як ходимаи меҳмонсаро дар Ню-Йорк аз мақомаш истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG