Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Коршиканӣ дар Юнон имрӯз идома хоҳад кард.

Дирӯз дар ҷараёни бархӯрди эътирозгарон ва кормандони полис дар шаҳри Афина, пойтахти Юнон, 18 нафар боздошт шуданд. Панҷ нафари онҳо то ҳол дар боздоштгоҳ қарор доранд.

Бар асари бархӯрд дасти кам чаҳор корманди полис ҷароҳат бардоштаанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, кормандони мақомоти ҳифзи тартибот ба хотири парокандасозии ҷавононе, ки сӯи онҳо санг меандохтанд, аз гази ашковар истифода карданд.

Коршикании 48-соата ба нишони эътироз алайҳи коҳиши масрафоти буҷа ва ихтисори кормандони соҳаҳои буҷавӣ дирӯз шурӯъ шуд.

Рӯзи душанбе нахуствазири Юнон Георгиос Папандреу аз парлумон даъват кард, ки аз барномаи коҳиши масрафоти буҷа ба хотири дарёфти кумаки 12 миллиард еврогии Иттиҳодияи Аврупо ва сандуқи байнулмилали пул пуштибонӣ кунад. Қарор аст раъйдиҳӣ дар парлумон рӯзи панҷшанбе баргузор шавад.

Юнон чанд сол боз ба бӯҳрони шадиди молиявӣ рӯ ба рӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG