Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкил дар гуфтушуниди миёни "Фатҳ" ва "Ҳамос"


Гуфтушунид миёни ҷунбишҳои «Фатҳ» ва «Ҳамос»-и Фаластин дар шаҳри Ғазза ба бунбаст ворид шудааст.

Дар ин бора яке аз раҳбарони «Ҳамос» Маҳмуд Аз-Заҳар хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо дар мавриди ҳайати ҳукумати муштарак, парлумон ва Шӯрои амният ихтилофи назар доранд.

Баъд аз низоъ миёни ин ҷунбиш дар чаҳор соли пеш «Ҳамос» навори Ғаззаро таҳти назорат дорад, ҳукумати Идораи худгардони Фаластин таҳти сарварии Маҳмуд Аббос бошад дар Каронаи бохтарии руди Урдун ҷойгир аст.
XS
SM
MD
LG