Пайвандҳои дастрасӣ

Русия интиқоли нерӯи барқ ба Белорусро комилан қатъ кард.

Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия Игор Сечин, ин тасмим ангезаи сиёсӣ надорад ва сабабаш пардохт нашудани қарз аз сӯи Минск мебошад.

Ширкати русии «Интер РАО ЕЭС» изҳори умедворӣ намуд, ки ҷониби Белорус рӯзҳои наздик маблағи заруриро пардохт хоҳад кард. Гуфта мешавад, ки ҳаҷми қарз тақрибан яку ним миллиард рубли русиро ташкил медиҳад.

Ширкати «Белэнерго» эълом дошт, ки маблағи қарзро дар ихтиёр дорад ва аммо дар табдили ин маблағ аз пули миллӣ ба арзи хориҷӣ ба мушкил мувоҷеҳ шудааст.
XS
SM
MD
LG