Пайвандҳои дастрасӣ

Боздоштҳо дар ҷараёни тазоҳуроти Юнон


Бо авҷ гирифтани тазоҳурот пулиси Юнон ба хотири пароканда кардани гурӯҳҳои хурди тазоҳургарони хашмгин, ки калтак ва зарфҳои шишагӣ партоб мекарданд, гази ашковар истифода бурд. Ба гуфтаи маъмурони пулис 18 нафар боздошт ва сипас 14 тани онҳоро раҳо кардааст. Коргарон дар саросари Юнон ба коршикании 48-соата шурӯъ карданд, чун вакилони мардумӣ ба қабули барномаи нави коҳиши хароҷоти давлатӣ омодагӣ мегиранд. Ҳудуди 20 ҳазор нафар имрӯз дар назди бинои порлумон дар шаҳри Афина ду тазоҳуроти алоҳида баргузор карданд. Ҳафт ҳазор нафари дигар низ дар шаҳри Тсалоникӣ дуввумин шаҳри бузурги Юнон раҳпаймоӣ карданд. Юнон бояд ин навбат 28 миллиард евро хароҷоти давлатиро коҳиш диҳад, зеро танҳо дар ин сурат 12 миллиард евро кӯмаки молиро аз Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул дарёфт хоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG