Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯъи нишасти порлумони нави Туркия бо таҳрим


Нишасти порлумони нави Туркия имрӯз дар ҳоле шурӯъ шуд, ки ҳизби аслии мухолифи давлат ва вакилони курд, ҷаласаи адои савгандро таҳрим кардаанд. Онҳо аз ҳукм ва парвандаҳо нисбат ба вакилони худ эътироз доранд. Туркия шаш вакили мардумиро, ки додгоҳашон идома дорад, аз боздошт раҳо накард ва яке аз онҳоро бо гуноҳҳои пешинаи “тарғиби терроризм” аз курси порлумонӣ маҳрум намуд. Шаш вакили курд ҳам бо гуноҳи иртибот ба Ҳизби коргарии курдистон, аз мақоми вакилӣ маҳрум шудаанд. Бо вуҷуди таҳрим, порлумони Туркия метавонад ба кори худ шурӯъ кунад, зеро Ҳизби Ҳокими Адолат ва Тавсиаи Раҷаб Тайиб Эрдӯғон раъйи кофӣ барои оғози кори онро дорад.
XS
SM
MD
LG