Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъват аз атрофиёни Қаззофӣ барои боздошти ӯ


Додситони кулли Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноят имрӯз аз атрофиёни Муаммар Қаззофӣ даъват кард, аз ин раҳбари Либия рӯ гардонанд ва ӯро дастгир кунанд. Луис Морено Окампо гуфт, маҳз Либия масъулияти аслии иҷрои амри боздошти ӯро бар дӯш дорад:"Нерӯҳои байналмилалӣ, ки бар асоси Қатъномаи 1973 Шӯрои амнияти Созмони Милал амал мекунанд, вазифаи мушаххаси иҷрои амри боздоштро надоранд ва додгоҳ аз нерӯҳои байналмилалӣ иҷрои онро нахостааст." Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноят рӯзи душанбе Муаммар Қаззофӣ, писараш Сайф –ул Ислом ва Абдулло Синусӣ, раҳбари Хадамоти ҷосусии Либияро ба ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам донист ва амри боздошти онҳоро содир кард. Додгоҳ мегӯяд, ҳарсе нафар дар қатли тазоҳургарони осоишта дар Либия даст доранд.
XS
SM
MD
LG