Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифин ҷаласаи порлумони Туркияро таҳрим мекунанд


Намояндагони порлумони нави Туркия имрӯз дар ҳоле савганд ёд мекунанд, ки парвандаҳои ҷиноӣ ҳузури баъзе аз вакилон дар ҷаласаи ифтитоҳиро зери суол бурдааст. Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ, ҳизби аслии мухолифи давлати Туркия, ки 135 курсии порлумонро ба даст овард, гуфт, ба далели маҳрум шудани ду вакили худ аз ҳузур дар ҷаласа, нишасти ифтитоҳии порлумонро таҳрим хоҳанд кард. Ин ду нафар дар парвандаи ҷиноии талош барои табаддулоти давлатӣ дар Туркия шомиланд. Сиву шаш намояндаи курд ҳам гуфтаанд, ки ҷаласаи адои савгандро ба далели маҳкум шудани як вакили курди дигар бо гуноҳи “тарғиботи терроризм” таҳрим хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG